Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Апрель 22, 2025 13:27

ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошти муштараки ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин ёддошт дар доираи сафари ҳайати Қирғизистон дар чаҳорчӯби «Ташаббус барои таҳкими субот дар манотиқи марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон» ба имзо расид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд.

Инчунин ҷонибҳо вобаста ба пешгӯии равандҳои эҳтимолии офатҳои хатарноки табиӣ, системаҳои огоҳсозии бармаҳал, вокуниш ба таҳдидҳо ва ҳолатҳои фавқулода ибрози назар намуданд.

Баргузории машқҳои муштарак, таҳияи харитаи роҳ ва табодули таҷриба байни кормандон низ зимни вохӯрии ҷонибҳо баррасӣ гардид.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 22, 2025 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд