Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд

Апрель 30, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани санҷиш нисбат ба 13 шаҳрванд, ки дар байни роҳи пиёдагузар нуқтаҳои хурди савдо ташкил намуда, барои роҳгузарон монеа эҷод намудаанд, протоколи маъмурӣ тартиб дод.

Тавре аз ин раёсат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, чунин ҳолат дар роҳи пиёдагузари зеризаминии назди «Олами китоб» муайян гардида, ҳолати ҷойдошта бартараф карда шуд.

Мутаассифона, баъзе шаҳрвандон бар хилофи талаботи қонун амал намуда, роҳҳои пиёдагузари зеризаминиро ба фурӯшгоҳ табдил додаанд. Ин амали онҳо боиси ба миён омадани монеа барои роҳгузарон гардидааст.

Ин санҷишҳо барои ба ҳолати аввала баргардонидани роҳҳои пиёдагузари зеризаминӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт дар дигар минтақаҳо низ гузаронида мешаванд.

Бо мақсади бартараф намудани омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳр, ба танзим даровардани бетартибӣ дар назди бозорҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои шаҳри Душанбе, аз байн бурдани ҳолатҳои фурӯши ғайрисанитарии маҳсулоти хӯрокворӣ, тоза намудани роҳравҳои назди бозор аз савдои кӯчагӣ, роҳҳои пиёдагузари зеризаминӣ, ки боиси нороҳатӣ ва муроҷиати шаҳрвандон гардидаанд, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо ҷалби кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ваколатдори давлатӣ амалиёти пешгирикунанда баргузор мегарданд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Апрель 30, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад