Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе 26 апрел дар ҷамъбасти Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи номинатсияи «боғҳои фарҳангию фароғатӣ» сазовори ҷойи якум ва Дипломи озмун гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.
Бунёди Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, 25 сентябри соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шудаст. Боғ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар майдони наздик ба 3 гектар бунёд карда шудааст. Корҳои вобаста ба сарсабзу хуррамгардонии Боғи ба номи Аҳмади Дониш дар асоси тарҳи хос бо завқи баланд амалӣ гардидаанд.
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш», ки дар муддати камтар аз як сол дар хиёбони Рӯдакӣ бо тарҳи хеле зебо бунёд карда шудаст, ҳоло ба яке аз маконҳои асосии истироҳатию фароғатии сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе табдил ёфтааст.
Дар боғ тибқи дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб 1000 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ, ки бештарашон аз хориҷи мамлакат ворид карда шудааст, шинонида шудаанд. Мақсад аз бунёди ин боғ фароҳам овардани шароити мусоиди сайру тамошо ва истироҳату фарғоғат барои меҳмонону сокинони пойтахти мамлакат мебошад.
Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш» зиёда аз 11 ҳазору 500 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш шуда, 12 ҳазор метри муррабаъ майсазор гардонида шудааст. Барои чароғонкунии боғ 225 сутунпояи аз 4 то 9-метра ва шумораи зиёди дастгоҳу таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда насб карда шудаанд, ки ҳудуди ин иншооти фарҳангӣ-фароғатиро шабонгоҳ хеле ҷолибу назаррабо менамоянд.
Ҳамчунин дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш» ҷой барои бозии кӯдакону наврасон бунёд карда шудааст, ки дорои аттраксионҳо ва бозичаҳои худҳаракаткунанда мебошад. Масоҳати умумии ин қитъа 1238 метри мураббаъ буда, таҷҳизоти он асосан аз Туркия ва Италия ворид карда шудаанд.
Дар ҳудуди боғ пайваста рӯзҳои истироҳатӣ аз ҷониби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тадбирҳои ободонию тозакорӣ гузаронида шуда, канори роҳравҳои асосии он ва ҳудуди боғ гулкорию сабзазор карда мешаванд.
Дар ин мавсим Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе низ дар номинатсияи беҳтарин боғ сазовори ҷойи якум гардид.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»


















Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд






