Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 12.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел бо баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ҳайати олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик ҷамъбаст гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, олимону кормандони соҳаи илм бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040), «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (2018-2028), Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ (2025) маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Дар ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён доир ба муҳимияти баргузории конференсияи илмию назариявӣ сухан намуда, иброз дошт, ки «воқеан Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик фурсати хубе барои табодули андешаву дастовардҳои илмии олимони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад».
Ёдовар мешавем, ки 2 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсияи илмию назариявӣ ифтитоҳ гардид. Дар доираи баргузории Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар 25 муассисаи илмии Академияи миллии илмҳо конференсия идома ёфта, қариб 350 маърузаи кормандони илмии академия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






