Дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо Тоҷикистонро 13 варзишгар муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Бангкоки Тайиланд баргузор мегардад, аз Тоҷикистон 13 ҷудочӣ иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чемпионат аз 25 то 27 апрел баргузор гардида, дар он дар байни мардон дар вазни то 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов, дар вазни то 66 кг Обид Ҷебов, Эмомалии Нуралӣ, дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров, дар вазни то 81 кг Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 90 кг Умедҷон Раҷабов, дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, дар вазни ҷамъи 100 кг Темур Раҳимов ва дар байни духтарон дар вазни то 48 кг Аҳлия Муминова, дар вазни то 52 кг Мадина Қурбонзода, дар вазни то 57 кг Александра Кан ва дар вазни ҷамъи 78 кг Виктория Киселёва рақобат менамоянд.
Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо мақсади омодагӣ ба Чемпионати Осиё ва Гранд Слами Душанбе аз 26 март то 12 апрел дар ҷамъомади байналмилалии таълимӣ-тамринӣ дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок менамояд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2026. Наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи 1/16-ниҳоӣ бо тими Италия рақобат мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи 1/16-ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад






