Дар Данғара даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷамъбаст шуд

Апрель 18, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик дар соли таҳсили 2024-2025 баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар даври ниҳоӣ беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардида, ба ғолибон Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Зимни ифтитоҳи даври ниҳоии олимпиада Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода роҷеъ ба ҳадафҳои озмун, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аҳамияти касбомӯзӣ дар шароити муосир ибрози назар намуданд.

Таъкид шуд, ки дар ҷаҳони муосир донистани забонҳои хориҷӣ ва доштани касби муосир на танҳо воситаи муошират, балки ҷузъи асосии муваффақият дар рушди шахсӣ мебошад. Имрӯз ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технологӣ талаб менамояд, ки ҳар ҷавон забони хориҷӣ ва касби рақобатпазир дар бозори меҳнатро омӯзад, то зиндагии шоиста дошта бошад.

Иброз шуд, ки зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ   «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024  соҳаи таҳсилоти касбӣ ҳамчун самти афзалиятнок таъкид гардид.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки маблағгузории соҳа сол ба сол афзоиш ёфта, барои баланд бардоштани сифати таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки даври якуми олимпиада моҳи март дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки беш аз 5500 донишҷӯ баргузор шуд. Ба даври ниҳоӣ 322 ғолиби ҷойи 1-ум аз 85 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳ ёфт.

Олимпиада бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, мақсади он тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 18, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Барои иштирок дар даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 112 ҳазор нафар довталаб номнавис карда шуд