Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар доираи Ҳафтаи илм конференсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи Ҳафтаи илм ва Рӯзи илми тоҷик бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030), «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» (2020-2040) ва 80-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Зимни натиҷагирӣ аз корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 иброз гардид, ки илму маориф ва фарҳанг чун падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа, тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд.
Аз самари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат илму маориф ва фарҳанг дар замони истиқлолият ба рукни муҳими сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат равшангари масири давлатдорию давлатсозии мо гардидаанд.
Таҷлили Рӯзи илми тоҷик баёнгари он аст, ки фазои маърифатию маънавии ҷумҳурии мо дар садаи нави таърихӣ рӯ ҷониби падидаҳои илмиву фарҳангӣ дорад ва устувор гардидани мавқеи илм дар соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти мамлакат нишони натиҷаҳои илмии олимони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Солҳои охир бо мақсади дастгирии илмҳои бунёдӣ барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ҳам дар соҳаи маориф ва ҳам дар бахши илм амалӣ мешаванд.
Гуфта шуд, ки дар 37 кафедраи амалкунандаи донишгоҳ аз рӯи 13 равияи илм ва 31 ихтисос омӯзгорон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр, таҳияи рисолаву монография ва китобҳои таълимию методӣ машғул мебошанд. Дар семоҳаи якуми соли 2025 аз ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ як нафар рисолаи докторӣ ва 6 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Дар айни замон 42 нафар унвонҷӯ ва хатмкардагони зинаи докторантураи PhD рисолаҳои илмӣ таҳия намуда, дар арафаи пешниҳод ба шуроҳои дифоъ қарор доранд.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Тоҷикистон: Хатари омили динӣ-сиёсӣ дар давлатдории миллӣ», «Фалсафаи вақт. Зиндагӣ сиррест аз асрори вақт» ва «CASA-1000 лоиҳаи тақдирсоз барои Тоҷикистон» маърузаҳои илмӣ пешниҳод шуданд.
Дар доираи Ҳафтаи илм дар донишгоҳ то 14 апрел беш аз 900 мақолаи ҳайати олимон ва устодону донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд






