Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Зимни ифтитоҳи озмун доир ба омодагии омӯзгорону донишҷӯён, тарғибу ташвиқи илму маърифат, китобу китобхонӣ, боло бурдани худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва маънавиятпарварии ҷавонон ибрози андеша карда шуд. Гуфта шуд, ки баргузории озмун дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон нақши муассир мегузорад.
Иштирокдорони озмун аз рӯи номинатсияҳои адабиёти классикӣ, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти муосир донишу маҳорат ва малакаи хуб нишон доданд. Ҳайати ҳакамон суханронию шеърхонӣ ва посухи иштирокдоронро баррасӣ намуда, бо онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар фарҷом ғолибон муайян шуда, ба даври ноҳиявӣ роҳ ёфтанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






