Дар Душанбе доир ба ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши омӯзишӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Тақвияти гузоришҳои илмӣ оид ба масъалаҳои обшавӣ ва ҳифзи пиряхҳо» ҳамоиши омӯзишӣ оғоз гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби коршиноси байналмилалӣ ва дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии рушд барои намояндагони воситаҳои ахбори омма гузаронида мешавад.
Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбӣ дар самти инъикоси илмии масъалаҳои марбут ба обшавии пиряхҳо ва ҳифзи онҳо мебошад.
Зимни ҳамоиш бо мутахассисони ҷавон доир ба пӯшиши расонаии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, омӯзиш гузаронида мешавад.


Ёдовар мешавем, ки тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иртибот ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Ҳадафи конфронси байналмилалӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳаммияти пиряхҳо ва пешгирии обшавии босуръати он, пешбурди талошҳои глобалӣ барои рафъи обшавӣ ва таъсири густурдаи он тавассути ҳамкорӣ ва амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангии амалҳои сиёсӣ мебошад.
Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронси сатҳи баланди Душанбе дар доираи нишастҳои мавзуӣ, форумҳо ва чорабиниҳои канорию фарҳангӣ масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзи пиряхҳо, тақвияти ҳамкории байналмилалиро дар самти андешидани тадбирҳои муассир барои ҳифзи пиряҳои сайёра баррасӣ намоянд. Конфронси сатҳи баланди Душанбе қадами муассир дар роҳи тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад






