Дар Душанбе доир ба ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши омӯзишӣ оғоз гардид

Апрель 8, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Тақвияти гузоришҳои илмӣ оид ба масъалаҳои обшавӣ ва ҳифзи пиряхҳо» ҳамоиши омӯзишӣ оғоз гардид.

Тавре мухбири  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби коршиноси байналмилалӣ ва дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии рушд барои намояндагони воситаҳои ахбори омма гузаронида мешавад.

Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбӣ дар самти инъикоси илмии масъалаҳои марбут ба обшавии пиряхҳо ва ҳифзи онҳо мебошад.

Зимни ҳамоиш бо  мутахассисони ҷавон доир ба пӯшиши расонаии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо,  ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, омӯзиш гузаронида мешавад.


Ёдовар мешавем, ки тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иртибот ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Ҳадафи конфронси байналмилалӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳаммияти пиряхҳо ва пешгирии обшавии босуръати он, пешбурди талошҳои глобалӣ барои рафъи обшавӣ ва таъсири густурдаи он тавассути ҳамкорӣ ва амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангии амалҳои сиёсӣ мебошад.

Интизор меравад, ки иштирокдорони конфронси сатҳи баланди Душанбе дар доираи нишастҳои мавзуӣ, форумҳо ва чорабиниҳои канорию фарҳангӣ масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзи пиряхҳо, тақвияти ҳамкории байналмилалиро дар самти андешидани тадбирҳои муассир барои ҳифзи пиряҳои сайёра баррасӣ намоянд. Конфронси сатҳи баланди Душанбе қадами муассир дар роҳи тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд