Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардида, то 9 апрел дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома меёбад.
Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода иттилоъ дод.
Мавсуф иброз намуд, ки фестивал бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, зимни он намоиши китобҳои бачагона, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр ва суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон пешниҳоди иштирокдорон гардонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 2 апрел дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана шуруъ аз соли 1967 бо мақсади тарбияи муҳаббат ба китоб ва ҷалби диққати ҷомеа ба китобҳои бачагона таҷлил карда мешавад. Адабиёти кӯдакон аз ҷанбаҳои муҳимтарине аст, ки ба инсон кумак намуда, таълим медиҳад ва ҷаҳонбинии наврасонро васеътар мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






