Дар Душанбе масъалаи арзёбии фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ҷаласаи Гурӯҳи арзёбии фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷаласа таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода баргузор гардида, дар он намояндагони вазорату идораҳои даходор ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа дар бораи ҳолатҳои фавқулодае, ки дар қаламрави Тоҷикистон сабт шудаанд, маълумот дода шуд.
Ҳамчунин вобаста ба кумакҳо ба аҳолии осебдида аз ҷониби ҳукумати мамлакат ва пурзӯр намудани кор дар ин самт ибрози назар гардид.
Инчунин ба иштирокчиён доир ба Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии дарпешистодаи татбиқи ташаббуси «Огоҳиҳои пешакӣ барои ҳама» дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардид.
Масъалаи истифода ва захираи маводи ғизоӣ, доруворӣ ва таҷҳизоти зарурӣ барои зарардидагони офатҳои фавқулода мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фарҷом иштирокчиён афзалияти кори минбаъдаи муштаракро оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва вокуниш ба онҳо муайян намуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






