Дар Душанбе Рӯзи илми тоҷикро таҷлил намуданд

Апрель 14, 2025 15:21

ДУШАНБЕ, 14.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи илм дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Пеш аз оғози маҷлиси тантанавӣ олимони академия дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик гулчанбар гузошта, аз хизматҳои арзишманди онҳо ёдовар шуданд.

Дар маҷлиси тантанавӣ иброз гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илм ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият ва ба олим ҳамчун сарвати бебаҳои ақлонӣ нигариста, барои ривоҷу равнақи минбаъдаи илм ва беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии олимон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Зеро рушди босуботи соҳаи илму маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи пешрафти ҷомеа ва давлат маҳсуб мешавад.

Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки истифодаи самарабахши натиҷаҳои илми бунёдӣ ва амалӣ омили муҳими рушди устувор дар ҳар давлат мебошад. Бо назардошти аҳамияти хоссаи ин самти афзалиятнок дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёду мондагор дар амал татбиқ мегарданд.

«Моро зарур аст, ки ба омода намудани мутахассисон дар зинаҳои магистратура, докторантура ва посдокторантура диққати асосӣ равона намоем. Ба ин зинаҳо мо бояд ҷавононеро қабул намоем, ки дар рушди илми ватанӣ саҳммегузоранд. Дар ин самт бо кӯшиши Раёсати Академияи миллии илмҳо бо мақсади омода намудани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ зинаи посдокторантура таъсис дода шуд. Шуруъ аз оғози соли таҳсили 2024-2025 аз рӯйи 46 ихтисос ба он посдокторантон қабул карда мешаванд»,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.

Таъкид шуд, ки яке аз масъалаҳои дигари муҳиме, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ҳамчунин дар вохӯрию суҳбатҳо бо олимон ва аҳли зиёи мамлакат гузоштаанд, ин масъалаи пайванди илм бо истеҳсолот ва татбиқи дастовардҳои олимон дар истеҳсолот мебошад. Бо ин мақсад имсол тавассути баргузор намудани машварати илмӣ дар мавзуи «Робитаи илм ва истеҳсолот: технологияҳои коркардшуда, мушкилоти татбиқ ва дурнамо» бо даъвати корхонаю муассисаҳои гуногун 6 лоиҳаи нави инноватсионии аз ҷониби олимони академия омодашуда муаррифӣ гардид. Муаллифони лоиҳа таҳқиқоташонро патент намуда, омодаи дар истеҳсолот татбиқ намудани ин лоиҳаҳо мебошанд.

Имсол дар тамоми муассисаҳои илмӣ аз 2 апрел даҳаи муаррифии илм оғоз гардид. Даҳаи илм барои муаррифии илми академӣ, табодули фикру андеша ва дастовардҳои илмии ҳайати олимони академия, муҳаққиқон ва унвонҷӯёну докторантони муассисаҳои илмӣ фурсати муносиб буд ва итминони комил дорем, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардем.

Дар ҷамъомад ба олимоне, ки соли 2025 соҳиби ҷоизаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста шудаанд, Диплом, ба кормандон медали «50 соли фаъолияти бефосила дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», ба кормандони илмӣ Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои беҳтарин маърузаи илмӣ ва ба олимони ҷавоне, ки соли 2024 соҳиби ҷоизаҳои академия гардиданд, дипломҳо супорида шуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 14, 2025 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад