Дар Филиппин Саммити 7-уми глобалии вазирон оид ба бехатарии беморон баргузор гардид

Апрель 4, 2025 09:44

ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар шаҳри Манилаи Ҷумҳурии Филиппин Саммити 7-уми глобалии вазирон оид ба бехатарии беморон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи саммит фароҳам овардани заминаи стратегӣ барои беҳтар намудани шабакаҳои тандурустӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва вазирони тандурустии онҳо мебошад.

Дар доираи ҳамоиш Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарияти Бонки Осиёии рушд Аяко Инагаки ва Эдуардо Банзон вохӯрӣ намуд.

Бояд гуфт, ки дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи Бонки Осиёии рушд амалӣ мешавад. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши тандурустӣ дар доираи ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд ҳадафманд буда, ба боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои рақамикунонии соҳа, дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2025 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд