Дар Ҳисор маҳфил – озмуни «Тоҷикистони ман!» оғоз гардид

Апрель 27, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу литсейҳои шаҳри Ҳисор байни хонандагони синфҳои 10 ва 11 маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» оғоз гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд, мақсад аз гузаронидани маҳфил-озмун- ин таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳамчун халқи дорои таърихи қадимӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои  миллӣ, мустаҳкам  намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, талқини онҳо барои озодона сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ ва ғайра мебошад.

Ба ҳар иштирокчӣ барои муаррифӣ ва ғазалҳои азбарнамудааш вақти озод дода шуда, ҳар иштирокӣ 10 ғазал дар мавзуи Тоҷикистон, Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат, Пешвои миллат, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва амсоли ин мавзуъҳо бояд хонад. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи қироати ифоданоки шеър ва ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда муайян карда мешавад.

Маҳфил-озмун дар ду давр баргузор мешавад. Даври якум аз 23 апрел то 21 май дар доираи коллеҷу литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор гузаронида мешавад. Даври дуюм аз 14 май то 16 май барои ғолибони ҷойҳои якуми даври якум дар сатҳи шаҳр баргузор мегардад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

 

 

Апрель 27, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд