Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар озмун 101 донишҷӯ аз рӯи 6 номинатсия: биология, география, химия, технологияи информатсионӣ, математика ва физика иштирок намуданд.
Дар натиҷа 26 иштирокчӣ ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд. Дар баробари донишҷӯён як нафар омӯзгор низ аз рӯи номинатсияи биология сазовори роҳхати даври дуюм гардид.
Бояд гуфт, ки мақсади баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» дарёфти истеъдодҳои ҷавон, таҳкими завқу хоҳиши донишандӯзӣ ва рушди тафаккури илмии донишҷӯён мебошад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






