Дар Конибодом Фестивали шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Фестивали шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд.
Ҳадафи асосии баргузории ин фестивал тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ мебошад. Инчунин ба воситаи он сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, сатҳи маърифати экологӣ ва тозагии муҳити зист, ободу зебо намудани хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, вилоят ва ҷумҳурӣ бештар ҷалб мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо- «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 инҷониб дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид






