Дар ноҳияи Данғара ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд

Апрель 19, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст дар  Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо фароҳам гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ табибон имконият пайдо намуданд, ки дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат низ ҷарроҳиҳои гуногун гузаронанд.

Ин якумин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар қаламрави вилоят буда, беморони ҷарроҳишуда шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбекистон мебошанд.

Гуфта шуд, ки пайвандсозии ҷигар аз ҷумлаи ҷарроҳиҳои нодире мебошад, ки то имрӯз танҳо дар Муассисаи давлатии маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар шаҳри Душанбе анҷом дода мешуд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 19, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд