Дар ноҳияи Рӯшон дар 1 гектар боғи мевадиҳанда бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2025. /АМИТ «Ховар/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Рӯшон дар 1 гектар боғи нав бунёд гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, дар боғи навбунёд ниҳолҳои себ, зардолу, нок ва олучабандак шинонида шудаанд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се сол дар вилоят 300 гектар боғ бунёд гардид.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, то аввали моҳи апрели соли равон тибқи иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» дар 272 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки 243 гектари он боғ ва 29 гектар токзор мебошад.
Инчунин дар 2064 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор карда шуд, ки аз он 1833 гектарро боғ ва 232 гектарро токзор ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Роғун бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Бохтар — Душанбе ниҳолҳои дарахтони сӯзанбарг, бодом ва писта шинонида шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо ошкор гардид
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
ДАРАХТ БИНШОН! Даҳаи охири моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад
Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд






