Дар Русия Форуми 3-юми рақамӣ оид ба соҳаи тандурустӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 апрел дар вилояти Сахалини Федератсияи Русия Форуми 3-юми рақамӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои тандурустии давлатҳои Тоҷикистон, Русия, Беларус ва Қирғизистон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, форуми рақамӣ таҳти унвони «Саломатии аҳолӣ ҳамчун нишондиҳандаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва мамлакат» доир шуд.
Дар форум директори Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Манучеҳр Шамсуллозода дар мавзуи «Рақамикунонии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон: Роҳ ба сӯи хизматрасонии босифат ва ояндаи устувор» маъруза намуд.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон рақамикунонии соҳаи тандурустӣ дар марҳилаи рушд қарор дошта, барои гузаштан ба системаи электронии сабти маълумот корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»






