Дар Русия Форуми 3-юми рақамӣ оид ба соҳаи тандурустӣ доир шуд

Апрель 19, 2025 08:45

ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 16 то 18  апрел дар вилояти Сахалини Федератсияи Русия Форуми 3-юми рақамӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои тандурустии давлатҳои Тоҷикистон, Русия, Беларус ва Қирғизистон баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, форуми рақамӣ таҳти унвони «Саломатии аҳолӣ ҳамчун нишондиҳандаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва мамлакат» доир шуд.

Дар форум директори Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Манучеҳр Шамсуллозода дар мавзуи «Рақамикунонии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон: Роҳ ба сӯи хизматрасонии босифат ва ояндаи устувор» маъруза намуд.

Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон рақамикунонии соҳаи тандурустӣ дар марҳилаи рушд қарор дошта, барои гузаштан ба системаи электронии сабти маълумот корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 19, 2025 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад