Дар шаҳраки Обшорони ноҳияи Мастчоҳ татбиқи лоиҳаи обрасонӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 27.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Обшорони ноҳияи Мастчоҳ татбиқи лоиҳаи муҳими обрасонӣ оғоз гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, хати нави оби нӯшокӣ аз обанбори марказии шаҳрак оғоз ёфта, то нуқтаи тақсимоти об ба аҳолӣ, ки дар масофаи 3,5 километр ҷойгир аст, идома меёбад. Барои кашидани ин хат лӯлаҳои полиэтилении дорои қутри 160 мм истифода мешаванд, ки ҷавобгӯи стандартҳои муосири обрасонӣ мебошанд.
Татбиқи лоиҳа то соли 2027 идома ёфта, маблағи умумии он 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Фармоишгари лоиҳа Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои васлу насбсозиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Манзили Кӯҳистон» ба зимма дорад.
Бояд гуфт, ки хати кӯҳнаи оби нӯшокии шаҳраки Обшорон тамоман фарсуда гардида, дигар имкони таъмин намудани аҳолиро бо оби тоза надошт. Дар фаслҳои тобистон ва зимистон лӯлаҳои оҳанин пайваста кафида, боиси қатъ гардидани обрасонӣ мешуданд.
Ҳоло сокинони шаҳрак, ки шумораашон беш аз 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, асосан аз оби чашмаҳои кӯҳӣ тавассути лӯлаҳои хурд истифода мебаранд.
Ҳамзамон таъмири пурраи ҳавзҳои обтақсимкунӣ ва кашидани хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ба назди биноҳои истиқоматӣ дар назар аст.
Баъди ба истифода додани ин иншооти муҳим мушкили таъминоти оби нӯшокӣ дар шаҳраки Обшорон пурра бартараф мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






