Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро гардид

Апрель 14, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.

Тавре масъулини шаҳри Бӯстон иброз доштанд, андешидани тадбирҳои судманд, баргузории корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, вохӯрӣ бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, ҳамоишҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ имкон дод, ки шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намояд.

Фаъолияти дастҷамъонаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу ниҳодҳои давлатӣ барои ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба даври омӯзишии кӯтоҳмуддати ронандатайёркунӣ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа низ ба иҷрои саривақтию босифати нақшаи даъвати баҳорӣ мусоидат намуд.

Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар даҳаи аввали ин моҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ беш аз 80 фоизро ташкил дод.

Давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳим дар вилояти Суғд иҷрои нақша ба 54 фоиз расид. Дар вилоят ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ аз аввалинҳо шуда, нақшаи пешбинишударо ба анҷом расонид.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон шуруъ аз 1 апрел маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

 

 

Апрель 14, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид