Дар шаҳри Бохтар доир ба натиҷаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 209 ҳазору 601 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 108 ҳазору 572 нафар занон ва 74 ҳазору 674 нафар ҷавонон мебошанд. Дар ин хусус 16 апрел зимни баргузории ҳамоиш дар шаҳри Бохтар, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷамъбаст гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд, масъалаи қабул ба сафи ҳизб ва зиёд намудани шумораи аъзои ҳизб аз ҳисоби номзадҳои арзанда ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қарор дорад.
Тибқи банди 26 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, асоси ҳизбро ташкилоти ибтидоӣ ташкил медиҳад. Дар айни замон дар вилояти Хатлон 2910 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият менамоянд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки «ҳадафи мо, ҳизбиён, пеш аз ҳама, ташвиқу тарғиби дастовардҳо ва амалӣ намудани барномаҳои Ҳукумати мамлакат мебошад. Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо роҳнамоиву дастгириҳои Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол беҳтар мегардад».
Дар фарҷом як зумра фаъолон, собиқадорони ҳизб ва раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо медали ҷашнии 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






