Дар шаҳри Душанбе доир ба ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши омӯзишӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 06.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Тақвияти гузоришҳои илмӣ оид ба масъалаҳои обшавӣ ва ҳифзи пиряхҳо» ҳамоиши омӯзишӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ин ҳамоиш бо ҷалби коршиноси байналмилалӣ ва дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд барои намояндагони воситаҳои ахбори омма гузаронида мешавад.
Ҳадафи чорабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбӣ дар самти инъикоси илмии масъалаҳои марбут ба обшавии пиряхҳо ва ҳифзи онҳо аст.
Инчунин омодасозии мутахассисони ҷавон барои пӯшиши расонаии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳитизисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон оид ба татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд






