Дар шаҳри Душанбе доир ба ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши омӯзишӣ баргузор мешавад

Апрель 6, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 06.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Тақвияти гузоришҳои илмӣ оид ба масъалаҳои обшавӣ ва ҳифзи пиряхҳо» ҳамоиши омӯзишӣ баргузор мегардад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин ҳамоиш бо ҷалби коршиноси байналмилалӣ ва дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд барои намояндагони воситаҳои ахбори омма гузаронида мешавад.

Ҳадафи чорабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбӣ дар самти инъикоси илмии масъалаҳои марбут ба обшавии пиряхҳо ва ҳифзи онҳо аст.

Инчунин омодасозии мутахассисони ҷавон барои пӯшиши расонаии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо,  ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш мебошад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳитизисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 6, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо вобаста ба усулҳои муосир ва инноватсионии омӯзиши пиряхҳо машварати илмӣ доир шуд
Дар Абузабӣ бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҳамоиш доир шуд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар доираи ин чорабинӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад
15 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚЛИМ. Ҳифзи иқлими сайёра ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳоро тақозо менамояд
Толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-ро роҳбаладон бо 8 забон шарҳ медиҳанд
«НИДОИ ЛОЗУР». Таҳти чунин унвон Форуми пиряхҳо ва барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе форумҳои пешазконфронсӣ ва чорабиниҳои канорӣ доир карда мешаванд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Толорҳои Китобхонаи миллӣ барои баргузории чорабиниҳои канорӣ омода мебошанд
Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳафтаи футбол ба таври бошукуҳ таҷлил карда мешавад
Тағйирёбии иқлим ба экосистемаи Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба стратегияҳо баррасӣ мешавад