Дар шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни шаҳрии «Беҳтарин армуғон» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни шаҳрии «Беҳтарин армуғон» баргузор шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фестивал-озмун аз ҷониби ҳунармандон кашидадӯзӣ, қуроқбофӣ, атласу адрасбофӣ, кундалнигорӣ ва наққошӣ, кулолгарӣ ва аъҷубасозӣ, коргардӣ санг, чарм, чӯб ва дигар ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод шуданд.
Ҳадафи Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» рушди ҳунарҳои миллӣ, эҳёи корҳои дастӣ ва хонагӣ, боло бурдани сифати маҳсулоти ҳунармандӣ, рақобатпазир гаштани онҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва муайяну дастгирӣ намудани беҳтарин занони ҳунарманд мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






