Дар шаҳри Левакант озмуни зеҳнии минтақавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел бо ташаббуси маъмурияти Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди давлатдории тоҷикон» озмуни зеҳнии минтақавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар озмун хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки барои иштирок дар олимпиадаи минтақавӣ ба шаҳри Левакант омада буданд, иштирок намуданд.
Ба ғолибони озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро гирифтанд, дипломҳои дараҷаҳои 1, 2 ва 3 тақдим шуда, ҳамзамон
дар мавриди дохилшавӣ ба муассисаҳои зертобеи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон имтиёзҳои муайян пешниҳод гардиданд.
Инчунин иштирокдорони озмун Осорхонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд. Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсию таърихии ҷавонон ва таҳкими худшиносии миллӣ амалӣ гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






