Дар шаҳри Турсунзода 4 ҳолати риоя накардани қонун ошкор карда шуд

Апрель 15, 2025 18:00

ТУРСУНЗОДА, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода то имрӯз   аз ҷониби аъзои комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ барои татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  530 маротиба  санҷишҳои муштарак гузаронида шуданд. Дар натиҷа вобаста ба риоя нагардидани талаботи ин қонун 4 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардида, барои андешидани тадбир ба Суди шаҳри Турсунзода  пешниҳод карда шуд.  Шумораи ҳолатҳои вайронкунии қонуни танзим  нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  1 адад зиёд мебошад. Дар ин хусус мудири бахши танзими ҷашну маросими шаҳри Турсунзода Олимҷон Солеҳзода  ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Ҳолатҳои вайронкунии қонуни танзим аз ҷониби комиссияҳои доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ва кормандони Прократураи шаҳр ошкор гардидаанд.

Дар шаҳри Турсунзода  то имрӯз 937 маърака сабт шудааст, ки инҳо 875 тӯйи домодию арӯсӣ, 34 маросими чил ва 28 маросими сол  мебошанд.  Дар  шаҳр 10 комиссияи доимӣ ва 120 комиссияи ҷамъиятӣ  фаъолият менамоянд, ки зимни санҷишҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. То имрӯз дар зиёда аз 400 тӯю маърака пеши роҳи қонунвайронкуниҳо гирифта шуд.

Дар шаҳри Турсунзода  барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи гурӯҳҳои кории тарғиботӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 70 мулоқоту суҳбати фаҳмондадиҳӣ  ва 2 машварати омӯзишӣ гузаронида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 15, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд