Дар Теҳрон «Шаби устод Айнӣ ва «Ёддоштҳо»-и ӯ» баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел дар Теҳрон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо маҷаллаи маъруфи эронии «Бухоро» ба муносибати зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ ва ба нашр расидани маҷмӯаи шашҷилдаи «Ёддоштҳо»-и ӯ дар Эрон маҳфилеро таҳти унвони «Шаби Садриддин Айнӣ ва «Ёддоштҳо»-и ӯ» баргузор намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон.
Дар маҳфил Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ таъкид дошт, ки устод Садриддин Айнӣ бузургтарин адиб ва адабпажӯҳ, забоновар ва забоншинос, таърихнигор ва таърихсози миллат, аллома ва сарвари нахустини Академияи илмҳо, маорифпарвар ва фарҳанггустари қарни бистуми Тоҷикистон буд.
«Талошҳои фидокоронаи устод Айнӣ барои исботи ҳастии маънавии миллати тоҷик, таълифи осори миллатсозе, мисли «Намунаи адабиёти тоҷик» дар марҳилаи сарнавиштсози таърихи тоҷикон ва саҳми беназираш дар рушди илму адабу фарҳанги Тоҷикистон боис гардиданд, ки ӯ ба унвони поягузори адабиёти навини шӯравии тоҷик ва падари маънавии миллат шинохта шавад ва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» тақдир гардад»,-афзуд Сафир.
Дар идомаи суханронии Сафири Тоҷикистон таъкид гардид, ки мероси мондагори адабиву адабпажӯҳӣ ва таърихиву фарҳангии Айнӣ барҳақ мазҳари ҳувияти маънавӣ ва таҷаллии дастовардҳои адабу фарҳанги тоҷикон маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, осори устод Айнӣ аз замони зиндагии пурбаракати ӯ то кунун ба забонҳои кишварҳои зиёди хориҷӣ тарҷума шуда, бештарин таҳқиқот доир ба адабиёти тоҷик низ дар хориҷа перомуни осори ин алломаи тоҷик амалӣ гардидааст.
Байни ин кишварҳо, Эрон бино бар пайвандҳои адабиву фарҳангӣ ва муштаракоти забонӣ миёни тоҷикону эрониён, мақоми вижа дорад. Устод Айнӣ нахустин нависанда ва шахсияти боризи фарҳангии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки мавриди таваҷҷуҳи амиқи муҳаққиқону пажӯҳишгарони эронӣ қарор гирифта буд.
Нахустин асари устод Садриддин Айнӣ, ки дар муҳити адабии Эрон муаррифӣ гардид ва заминаи шинохти муаллифи онро ҳамчун нависанда ва донишманди барҷастаи Тоҷикистон фароҳам овард, «Намунаи адабиёти тоҷик» буд.
Саъид Нафисӣ – шоир, нависанда ва муҳаққиқи барҷаста эронӣ пас аз мутолиаи «Намунаи адабиёти тоҷик», ки дар соли 1926 дар Москва ба хатти форсӣ ба чоп расида буд, таассуроти таҳсиномези худро дар рӯзномаи эронии “Шафақи сурх” дар соли 1927 бо «аллома» унвон кардани Айнӣ ингуна баён карда буд: “Барои ҳар касе, ки дар адаби форсӣ кор мекунад, лозим аст, ки як нусха аз китобро бо худ дошта бошад ва бар ҳар эронӣ низ фарз аст, ки лоақал як бор ин китоби нафисро … бихонад»
Пас аз ин навиштаи устод Саъид Нафисӣ то кунун аксари осори устод Садриддин Айнӣ, мисли “Ёддоштҳо”, “Ғуломон”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Марги судхӯр”, “Одина”, “Намунаи адабиёти тоҷик”, “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, “Таърихи амирони Манғитияи Бухоро”, “Мирзо Абдулқодири Бедил”, “Мунтахаби осори адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ”, “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам”, “Ахгари инқилоб” ва “Номаҳои Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ” дар Эрон нашр шуда ва дар дастраси аҳли таҳқиқ ва хонандагони эронӣ қарор гирифтаанд.
Дар байни осори Садриддин Айнӣ шоҳкори ӯ — «Ёддоштҳо» бо шевоию ширинии забон, арзишҳои адабиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии худ ва нубуғу ҳунари нависандагии муаллиф пайваста таваҷҷуҳи хонандагон ва муҳаққиқони эрониро ба худ ҷалб карда буд. Ба маҳзи интишори охирин ҷилди “Ёддоштҳо” дар Тоҷикистон дар соли 1954, дар маҷаллаи эронии “Паёми нав” ва баъдан маҷаллаҳои “Сухан”, “Яғмо” ва дар китоби бисёрҷилдаи “Ҳазор соли насри форсӣ” пораҳое аз ин асари мондагори Айнӣ бо муқаддимаҳое дар шарҳи ҳолу осори устод ва тавзеҳи вожаву таъбироти хоси забони тоҷикӣ ба нашр расиданд.
Шуҳрати устод Айнӣ ва “Ёддоштҳо”-и ӯ дар Эрон боис гардид, ки дар соли 1983 (1362 ҳ.ш.) ин асар дар шакли комил бо кӯшиши адиб, пажӯҳишгар ва нависандаи эронӣ Саъидии Сирҷонӣ дар Теҳрон дар панҷ ҷилд мунташир шавад.
Дар муқаддимаи ин нашр, ки саршор аз нуктаҳои ҷолиб доир ба мақоми устод Айнӣ ва арзиши “Ёддоштҳо” аст, Саъидии Сирҷонӣ ин асарро ойинаи безангори тамомнамое аз зиндагии Эронзамин дар охири қарни 19 ва ибтидои асри 20 ва насри равону шевои устод Айниро шабеҳи насри Байҳақӣ дониста, бар ин асос устод Айниро “ҳамватани худ ва осори ӯро ҷузви адабу фарҳанги муштараки форсизабонон” хондааст.
Дар суханронӣ таъкид гардид, ки дар арафаи Наврӯзи соли 2025 маҷмӯаи шашҷилдаи китоби “Ёддоштҳо” дар Эрон бо талошҳои шоистаи таҳсин ва тақдири айнишинос ва мураввиҷи хастагинопазири осори Айнӣ дар кишвари ҳамзабон Мустафо Бобохонӣ бори дувум ба нашр расид.
Ангезаи нашри нави “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ, аз як тараф, ноёб гардидани нашри аввали он ва аз тарафи дигар, зарурати ислоҳи костиҳои нашри аввал ва ба вуҷуд овардани матни тасҳеҳ ва танқеҳшудаи ин шоҳкори устод Айнӣ бо тавзеҳоти лозим ба хатти форсӣ аст, ки таҳиягар Мустафо Бобохонӣ дар пайгирии ин ҳадафҳо ба тавфиқ даст ёфтааст.
Сафири Тоҷикистон дар фарҷоми суханронӣ, бо ишора ба имтиёз ва афзалиятҳои нашри нави “Ёддоштҳо” ба хатти форсӣ, онро дастоварди мусаллами таҳиягар Мустафо Бобохонӣ ва ба таври умум айнишиносии эронӣ донист ва нақши онро дар тақвияти беш аз пеши таомулоти адабиву фарҳангии деринаи Тоҷикистону Эрон таъкид кард.
Дар идомаи ин маҳфил донишмандони эронӣ Асғари Додбеҳ, Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Муҳаммад Ҷаъфарии Қанавотӣ, Ҳасани Қарибӣ, Мустафо Бобохонӣ ва пажӯҳишгарони тоҷик Абдунабӣ Сатторзода ва Равшани Раҳмонӣ (ба сурати маҷозӣ) роҷеъ ба паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ ва осору фаъолиятҳои адабии устод Садриддин Айнӣ суханронӣ карда, хидматҳои бузурги ин фарзанди фарзонаи тоҷикро дар рушди забон, адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон ва нақши осори ӯро дар ҳифзу идомаи пайвандҳои адабии ду кишвари ҳамзабон таъкид карданд.
Дар поёни маҳфил маросими рӯнамоии нашри нави “Ёддоштҳо”-и устод Садриддин Айнӣ доир шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон