Дар Тоҷикистон амалиёти махсуси ҷарроҳӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи тиббии Арабистони Саудӣ тақрибан 65 амалиёти махсуси ҷарроҳӣ, аз ҷумла ҷарроҳии кушодаи дил ва катетеризатсия барои беморони дил ба таври ройгон гузаронида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷарроҳии кушодаи дил дар доираи татбиқи «Барномаи ҷарроҳии дил ва катетеризатсия барои калонсолон», ки аз ҷониби Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон дар ҳамкорӣ бо шарики иҷрокунандаи «Робитаи олами исломӣ» ва иқдоми беҳдоштии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар саросари олам амалӣ мегардад, гузаронида мешавад.
Ҳамчунин табибони ду мамлакат дар самти ташхису табобат ва ҷарроҳии бемориҳои дил мубодилаи таҷриба намуда, барои омӯхтани муваффақияту дастовардҳои навтарини соҳа ва гузаронидани усулҳои нави ташхису табобат дар ин бахши муҳими соҳаи тандурустӣ ҳамкорӣ менамоянд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид






