Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи охирини фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи охирини фасли баҳор- моҳи май дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, бориши борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад. Ҳавои имсола ба ҳавои моҳи майи соли 2005 шабоҳат дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 22 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 17 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорат аз 20 то 32 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёдтар пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ дар баъзе ҳолатҳо борон, ба амал омадани раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад.
Дар водиҳои вилояти Суғд ҳаво то 22 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёдтар пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ ва жола дар назар аст.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат дар назар аст. Дар рӯзҳои алоҳида баландшавии ҳаво то 29+34 дараҷа дар назар аст. Ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешгӯӣ мешавад.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 5 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 1-6 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона то 15 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддати вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония аз эҳтимол дур нест.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






