Даъватшавандагони ноҳияи Муъминобод бо дуои неки модарон озими хизмат ба Ватан гардиданд

Апрель 2, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод 120 нафар ба хизмати Ватан ҷалб гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ нақша пурра иҷро гардид, зеро маълум шуд, ки бештари ҷавонон бо хоҳиши худ барои хизмат ба Ватан омадаанд. Бори сеюм аст, ки ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати тирамоҳӣ ва баҳориро  дар рӯзи аввал ба анҷом мерасонад.

Ҳамзамон ба 40 нафар ҷавонон, ки ихтисоси ронандагиро азхуд  кардаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари боиқтидори миллат мебошад. Ташкил ва таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқуъ пайваст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва ҳам маҳорати ҳарбию интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти бештар дорад.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.

Баъдан чун анъана маросими нонгазон баргузор гардида, модарон бо нияти нек ба фарзандонашон хизмати содиқона таманно намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 2, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид