Даъватшавандагони Шаҳринав сарбаландона ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд
ШАҲРИНАВ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ» Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Дар ин рӯзи хотирмон 75 нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайваст гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиши тантанавии гусели даъватшудагон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳо ва собиқадорони меҳнат иштирок намуда, иброз доштанд, ки имрӯзҳо Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ, маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти бештар дорад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат буда, адои хизмат намудан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолоти ҷавонон мебошад.
Дар ҳамоиш ба зиёда аз 50 даъватшавандае, ки даври омӯзишии ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи артиши миллӣ дохил шудан ба таври ихтиёрӣ ариза навишта буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Падарону модарони ҷавонон иброз доштанд, ки «фарзандони мо ба ҳайси сарбозону афсарони Артиши миллӣ сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат мебошанд. Маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии онҳо дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум осоишта меҳнат ва зиндагонӣ менамоянд. Бояд ҳар падару модар оромию тинҷӣ ва ҳифзи марзу буми мамлакатро дар ҷойи аввал дониста, фарзандонашонро дуруст тарбия намуда, сарбаландона ба сафи Артиши миллӣ гусел намоянд. Чунки Артиши Тоҷикистон ҳамчун мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ ҷавононро аз лиҳози сиёсиву ҳарбӣ ва ҷисмонӣ тарбия намуда, муҳофизи Ватан мегардонад».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






