Даъватшавандагони Шаҳринав сарбаландона ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд

Апрель 4, 2025 09:59

ШАҲРИНАВ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ» Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Дар ин рӯзи хотирмон 75 нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайваст гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиши тантанавии гусели даъватшудагон роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳо ва собиқадорони меҳнат иштирок намуда, иброз доштанд, ки  имрӯзҳо Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ, маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти бештар дорад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат буда, адои хизмат намудан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби олии   обу тоби зиндагӣ ва касби камолоти ҷавонон мебошад.

Дар ҳамоиш  ба зиёда аз 50  даъватшавандае, ки даври омӯзишии  ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи артиши миллӣ дохил шудан ба таври ихтиёрӣ ариза навишта буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Падарону модарони ҷавонон иброз доштанд, ки «фарзандони мо ба ҳайси сарбозону афсарони Артиши миллӣ сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат мебошанд. Маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии онҳо дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум осоишта меҳнат ва зиндагонӣ менамоянд. Бояд ҳар падару модар оромию тинҷӣ ва ҳифзи марзу буми мамлакатро дар ҷойи аввал дониста, фарзандонашонро дуруст тарбия намуда, сарбаландона ба сафи Артиши миллӣ гусел намоянд. Чунки Артиши Тоҷикистон ҳамчун мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ ҷавононро аз лиҳози сиёсиву ҳарбӣ ва ҷисмонӣ тарбия намуда, муҳофизи Ватан мегардонад».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Апрель 4, 2025 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар Вена иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода 70 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд
Дар вилояти Хатлон тақрибан 179 кг маводи нашъаовар мусодира ва гурӯҳи муташаккили фаромиллии қочоқбарон боздошт гардид
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони воҳидҳои криминалии вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ баргузор гардид
Кормандони милиса дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо фаъолони ҷомеа вохӯрӣ намуданд
Вазорати мудофиа: «Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон чорабиниҳои пешаздаъватӣ доир карда мешаванд»
Фестивали ҷумҳуриявии афсарону сарбозон «Муҳофизони Ватан» баргузор мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси 10-уми минтақавии Ассотсиатсияи байналмилалии прокуророни генералӣ иштирок доранд
Соҳибкороне, ки худсарона нархи маҳсулоти хӯрокаро боло мебардоранд, ҷарима карда мешаванд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО РАСИД. Волидайн фарзандони худро ҳангоми оббозӣ беназорат нагузоранд!
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Котиби давлатии Шурои амнияти Ҷумҳурии Беларус Александр Волфович мулоқот намуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон бо Мушовири Шурои амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд