Доир ба баланд бардоштани сифати таълим дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад

Апрель 7, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 8 то 12 апрел  дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Ҳамкории системаҳои миллии таълимии мамлакатҳои Иттиҳод ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» конференсияи байналмилалии илмӣ-омӯзишӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Конфронс бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ (МФГС) баргузор шуда, дар он намояндагони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Русия, Беларус, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок менамоянд.

Бояд гуфт, ки ҳамкорӣ бо олимону коршиносони хориҷӣ яке аз самтҳои зарурии густариши робитаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, омӯзишу истифодаи таҷрибаи пешрафта дар рушди иқтисоди миллӣ метавонад нақши махсус гузорад. Бо истифода аз донишу таҷрибаи пешрафтаи илмии ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногуни илм ва ҳамкории муштарак бо пажуҳишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ метавон дастовардҳои илми тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат мебошад, дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст  Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ (МФГС) дар ин мавзуъ ҳамоишу мактаби илмии байналмилалӣ баргузор менамояд.

Ҳадаф аз баргузории ин иқдом табодули донишу таҷриба байни мутахассисону коршиносони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

АКС аз бойгонӣ 

Апрель 7, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд