«Достони Сиёвуш» соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2025» гардид

Апрель 22, 2025 11:17

ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шоҳҷоизаи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2025»-ро Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ бо намоиши «Достони Сиёвуш» сазовор  гардид. Дар хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги мамлакат  иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин ҷойи аввал ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «ЯЛ», ҷойи дуюм ба Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара барои намоиши «Ривояти суғдӣ» ва ҷойи сеюм ба Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом барои намоиши «Бозгашт» дода шуд.

Намоиши «Достони Сиёвуш» аз рӯи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода ба саҳна гузошта шуд. «Достони Сиёвуш» яке аз достонҳои машҳури «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ маҳсуб мешавад.  Дар симои Сиёвуш шоир тамоми хислатҳои неки инсонӣ- накӯӣ, росткорӣ, ҳақиқатпарастӣ, ҳақиқатгӯӣ ва зебоиро тасвир намудааст. Ҳамаи ин хислатҳоро ҳунармандони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар сатҳи олӣ офариданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён  иброз намуд, ки «Фестивал бори дигар собит намуд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ барои санъати театрии тоҷик давраи таҳаввулоту ислоҳоти тоза, ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва дарёфти шаклу услубҳои нав мебошад. Театри тоҷик дар ин давра ба пешравӣ ва комёбиҳои назаррас ноил гардид. Рӯйи саҳна овардани якчанд намоиши хотирмон дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту», ки қаблан аз ҷониби тамошобинон хуш қабул гардида буданд, далели ин гуфтаҳо аст».

«Имрӯз театр дар ҷомеа рисолати бузурге бар дӯш дорад. Аз ин хотир ҳар халқу миллате, ки ба театр арҷ мегузорад, бо забону фарҳанги худ дар олам шинохтаю пешоҳанг аст. Театр қодир аст, ки ба умқи дили инсонҳо роҳ ёфта, онҳоро ба ҷаҳони андеша водор созад ва дар ташаккули руҳу равон ва маънавиёти онҳо таъсир расонад. На ҳамаи намоишҳои ба фестивал-озмун пешниҳодгардида яксон буданд. Онҳо аз ҳамдигар бо интихоби мавзуъ, санъати касбият, шарҳу пешниҳоди нақшҳо, сабку услуби кори коргардонҳо ва дигар қисматҳо фарқ менамуданд»,-афзуд Матлубахон Сатториён.

Имсол дар фестивал-озмун 18 театри касбӣ беҳтарин намоишҳоеро, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи саҳна овардаанд, манзури тамошобинон намуданд.

Ҳадафи фестивал-озмун таҳияи асарҳои баландмазмуни  ватанӣ, баланд  бардоштани сатҳи касбии коргардонҳо, ҳунармандон ва рассомону оҳангсозон арзёбӣ гардид. Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад.

Ҳамчунин дар ҷараёни маросими қадрдонии фестивал-озмун ҷоизаи «Беҳтарин ансамбли актёрӣ» ба намоиши «Зангирӣ ё дамгирӣ»-и Султон Сафаров дар таҳияи Қурбон Шукурзода ба Театри мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дода шуд.

Инчунин ғолибони номинатсияи «Коргардони беҳтарин», «Беҳтарин нақши мардона»,  «Беҳтарин нақши занона» «Беҳтарин нақши балет»,  «Беҳтарин нақши эпизодӣ»,  «Беҳтарин ороиши саҳна»,  «Беҳтарин намоиши лӯхтак» ва  «Фарҳанги волои саҳнавӣ» муайян ва қадрдонӣ гардиданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 22, 2025 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд