Федератсияи футболи Тоҷикистон бозигарони боистеъдодро интихоб менамояд

Апрель 28, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 28.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби лоиҳаи рушди истеъдодҳои «Talent Development Scheme» футболбозони ҷавони болаёқатро пас аз санҷиш интихоб менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, мақсади ин иқдом дарёфти бозигарони боистеъдоди дорои малакаи хуб ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи онҳо мебошад.

Дар чорабиниҳои интихобӣ, ки дар манотиқи мухталифи мамлакат  баргузор мешаванд, футболбозони навраси соли таваллудашон 2011 иштирок менамоянд. Беҳтаринҳо ба Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Онҳо имкон пайдо мекунанд, ки таҳти роҳбарии мутахассиси испанӣ тамрин намуда, тибқи барномаҳои муосир таҳсил кунанд ва ба баромад дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ омодагӣ гиранд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

 

Апрель 28, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид