Федератсияи футболи Тоҷикистон бозигарони боистеъдодро интихоб менамояд
ДУШАНБЕ, 28.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби лоиҳаи рушди истеъдодҳои «Talent Development Scheme» футболбозони ҷавони болаёқатро пас аз санҷиш интихоб менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, мақсади ин иқдом дарёфти бозигарони боистеъдоди дорои малакаи хуб ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи онҳо мебошад.
Дар чорабиниҳои интихобӣ, ки дар манотиқи мухталифи мамлакат баргузор мешаванд, футболбозони навраси соли таваллудашон 2011 иштирок менамоянд. Беҳтаринҳо ба Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Онҳо имкон пайдо мекунанд, ки таҳти роҳбарии мутахассиси испанӣ тамрин намуда, тибқи барномаҳои муосир таҳсил кунанд ва ба баромад дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ омодагӣ гиранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






