ГУЛҲОИ ДУШАНБЕ. Шукуфоиву зебоии гулҳои сад ранги шаҳр самари заҳмати кормандони корхонаи «Сабзкорӣ» -и пойтахт аст

Апрель 24, 2025 14:27

ДУШАНБЕ, 24.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вусъати бесобиқаи ободонию созандагии солҳои охир имкон фароҳам овард, ки бо бунёд ва навсозии иншооти гуногун симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе куллан тағйир ёфта, гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бо ҳусну таровати хосса ба шукуҳи шаҳри Душанбе ҷилои тоза бахшанд.

Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар он гулҳои гуногун парвариш карда мешаванд, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд гардида, фаъолият менамояд. Саҳми гулпарварони ин корхона дар зебоии кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе беназир буда, натиҷаи кори онҳо зинатбахши кӯчаю хиёбонҳо, боғу майдонҳо ва эҳёгари фарҳанги зебоишиносии мардум гардидааст.

Корхона тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва қарору супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти сабзкорӣ намудани кӯчаю хиёбон, боғҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт корҳои сабзкорӣ  ба анҷом мерасонад.

Тибқи иттилои директори ин корхона Олимхон Тағозода, дар се моҳи соли 2025 истеҳсол ва кишти тухми гулҳои мавсимӣ беш аз 1 миллиону 680 ҳазор донаро ташкил дод. Дар айни замон дар гармхонаҳои корхона ҳафт номгӯй гулҳои мавсимии виола, маргарита, салвия, бананза, тагетес, карнайчагул (петуния), инчунин гули мавсимии тоҷи хурӯс ба миқдори 1 миллиону 620 ҳазор адад аз охири соли 2024 кишт ва парвариш мегарданд. Тухмиҳои ин гулҳо аз Ҳолландия, Туркия ва Русия ворид карда мешаванд.

Дар ҳудуди корхона 1 гармхонаи нави замонавии ба талаботи муосир ҷавобгӯ дар 2000 м2 фаъолият намуда, 4 гармхонаи калон дар 5040 м2  ва 13 гармхонаҳои хурд дар 2340 м2 аз таъмири асосӣ бароварда шуданд, ки барои парвариши гулҳо дар ҳамаи мавсим мусоид мебошанд.

Инчунин барои парвариши гулҳои мавсимии ороишӣ беш аз 1900 м2 катҳои гулпарварӣ ва дар 5120 м2  палҳо барои коридани тухмии гулҳо ва парвариши гулҳои кӯчатӣ сохта шудаанд.

Гармхонаҳои корхона бо пардаи шаффофи полиэтиленӣ пӯшонида шуда, ҳангоми фарорасии гармии баҳор ва тобистон он бо тӯр иваз карда мешавад.

Барои парвариши гулҳо дар фасли зимистон ва баҳор ангишт, нуриҳои органикӣ, менералӣ, пору ва гулдонҳо низ захира гардидаанд.

Тибқи иттилои масъулин, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ инчунин ду нақлиёти замонавӣ, ки дар он таҷҳизот барои безараргардонии гулҳо аз ҳашарот насб гардидааст, дастрас шуда, кори мутахассисонро осон намуд. Зеро онҳо пештар ин корро бо асбоби хурди дорупошӣ анҷом медоданд, ки вақти зиёдро мегирифт.

Бояд гуфт, ки нақши гулпарварон дар зебоии кӯчаву хиёбон, маҳалу назди коргоҳу корхонаҳо назаррас аст. Зеро маҳз заҳматҳои пайвастаи онҳо аст, ки сокинон аз зебоии ин гулҳо ҳаловат мебаранду табъи ҳар бинандаро болида месозанд. Пас мо, шаҳрвандонро зарур аст, ки ба қадри заҳматҳои кашидаи гулпарварон расем ва уҳдадории худро  дар тозаю озода нигоҳ доштани шаҳр иҷро намоем.

Ҳамзирамо Файзалиева, ки 12 сол боз дар ин корхона ба парвариши гул машғул аст, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки онҳо дар фасли баҳор ва дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз беш аз 2 миллион дона гулҳои мавсимӣ парвариш намуданд.

«Парвариш ва нигоҳубини ҳар гулу буттае, ки дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе шинонида  мешавад, заҳмати зиёд талаб менамояд. Барои он ки ҳусни пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе дучанд зебо гардад, мо заҳмати зиёд мекашем ва аз корамон хеле қаноатмандем»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Гулпарвар Ҳамзирамо Файзалиева вобаста ба парвариши гулҳои мавсимӣ чунин маълумот дод: «Мо сараввал тухмиро дар палҳо пошида, ҳар рӯз саҳар ва бегоҳ об медиҳем, пас аз 20 рӯз онҳо намоён шуда, ба таври зарурӣ месабзанд.  Баъдан онҳоро аз палҳо ҷудо карда, дар гулдонҳо мешинонем. Гулҳои шинонидаамонро давоми 60 рӯз нигоҳубин мекунем. Пас аз ин онҳоро бурда, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе мешинонанд. Барои хуб афзоиш ёфтани гулҳо аз доруи «корень» ва «гумит» низ истифода мебарем».

«Ҳар кор ба худ душворӣ дорад, аз  ҷумла парвариш намудани гул. Гулҳо ба  мисли одамон ба навозиш ниёз доранд. Калонсолони мо мегуфтанд, ки агар ҳар як кор бо меҳру муҳаббат анҷом дода шавад, албатта, он самари хуб ба бор меорад. Мо низ ин гулҳоро тавре нигоҳубин менамоем, ки талаф наёбанд ва меҳнати сарфнамудаи мо низ барбод наравад»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ин зани гулпарвар аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бархе сокинон ҳоло ҳам одобу рафтори шаҳрнишиниро риоя наменамоянд. Ҳарчанд поккорон ҳамарӯза ба тозаю озода намудани кӯчаву хиёбонҳо машғул ҳастанд, аммо ҳоло ҳам   донаҳои офтобпараст, қуттиҳои холии об ва дигар ифлосиҳо дар байни гулҳо ва замину ҷӯйборҳо ба назар мерасанд. Ҳатто гулҳои зебои бо заҳмати зиёди модарон парваришнамуда ва шинонидаро низ бархе наврасону ҷавонон беибо канда, ба дӯстдухтаронашон ҳадя менамоянд. Ин аз бефарҳангии бархеҳо дарак медиҳад».

Ёдовар мешавем, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки 23 сентябри соли 2020 доир гардид, аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват намуданд, ки барои ба шаҳри «сабз» табдил додани пойтахт саҳм гузоранд.

Бояд гуфт, ки дар ин замина ҳамасола бо мақсади таъмини сабзазоркунию хуррамгардонӣ ва ободу зебо гардонидании гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ, назди коргоҳу корхонаҳо аз ҷониби масъулин гулҳои мавсимӣ, бисёрсола ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2024 ва баҳори соли 2025 178 ҳазору 621 бех дарахтони сояафкан, 299 ҳазору 322 бех дарахтони ороишӣ, 111 ҳазору 619 бех дарахтони мевадиҳанда ва 41 ҳазору 184 бех буттаҳо шинонида шудаанд.

Талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат мебошанд, ки имрӯз сокинони мамлакат низ иҷрои онро вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он меҳнат менамоянд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 24, 2025 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Омили асосии обшавии босуръати пиряхҳо дар замони муосир ин гармшавии глобалии иқлим мебошад
22 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОДАР-ЗАМИН. Заминро бояд самаранок ва оқилона истифода бурд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЭҶОДКОРӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Омилҳое, ки метавонанд бозори меҳнатро афзоиш дода, мардумро тавонманд созанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тахач барои бемории меъда, диабети қанд ва зардпарвин муфид аст
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шалғамча барои пешгирии саратони даҳон, меъда, гурда ва рӯдаи ғафс фоидаовар аст
Душанбе шаҳри ҷавонӣ ва маркази имкониятҳои варзишӣ мебошад
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: «Душанбе ба як маркази воқеии илмӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа табдил ёфтааст»
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САЙЁҲӢ. Соли 2024 ба пойтахти Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор сайёҳ ворид гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд