Хоҷагии деҳқонии «Муҳсиддин»-и шаҳри Ваҳдат 4 оиларо бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамояд

Апрель 30, 2025 15:35

ВАҲДАТ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии деҳқонии «Муҳсиддин» дар Ҷамоати деҳоти Б. Бурунови шаҳри Ваҳдат дорои 1 гектар замини корами обӣ ва 4 саҳмдор  мебошад. Раиси хоҷагии деҳқонии «Муҳсиддин» Худойназар Азизов, ки деҳқони ботаҷриба мебошад, ҳамроҳ бо бародарону аъзои хонаводааш дар як гектар ҳамасола зироати гуногун кишт менамояд. Саҳмдорони хоҷагӣ тавассути меҳнати ҳалол ва риояи дурусти корҳои агротехникӣ фоидаи хуб ба даст оварда, шароити иқтисодии 4 оиларо таъмин менамоянд.

Раиси хоҷагӣ Худойназар Азизов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «ҳамасола тавассути киштгардон намудани замин бодиринг, сирпиёз, сабзӣ, помидор, пиёз, картошка, гандум ва дигар маҳсулоти барвақтӣ кишт менамоем. Дар айни замон дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Муҳсиддин» дар 10 садяк пиёз, дар 20 садяк картошка, дар 7 садяк сабзӣ ва дар заминҳои боқимонда бодирингу помидор, гандум ва дигар зироат кишт намудаем».

Деҳқонони хоҷагии деҳқонии «Муҳсиддин» гуфтанд, ки асоси фаъолияти кишоварзиро тухмии хушсифати зироат ташкил медиҳад. Дар мавриди наёфтани тухмии хушсифати зироат ҳосили дилхоҳ рӯёнида ва хароҷот пӯшонида намешавад, ки ин ҳолат боиси дилсардии деҳқонон мегардад.  Масъулини ин хоҷагӣ тухмии картошкаро аз ноҳияи Мастчоҳ мехаранд. Инчунин тухмии пиёзу помидор, бодиринг ва  дигар тухмиҳоро аз  хориҷи мамлакат ё аз бозорҳои ҷумҳурӣ дарёфт намуда, аз он ҳосили баланд мерӯёнанд.

Дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Муҳсиддин» бештар аз ғизои табиӣ ё поруи чорво истифода мебаранд. Барои ба беморӣ гирифтор нашудани зироат аз заҳрхимикатҳо низ истифода менамоянд.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи хоҷагӣ серхаридор буда, савдогарону соҳибкорон онро аз сари замини хоҷагӣ харидорӣ менамоянд. Деҳқонон як қисми маҳсулотро ба бозорҳои шаҳри Ваҳдат бурда, бо нархи арзонтар ба сокинон мефурӯшанд.

Раиси хоҷагии деҳқонии «Муҳсиддин» Худойназар Азизов мегӯяд, ки «агар замини корами обӣ ба мисли заминҳои хоҷагии деҳқонии мо мунтазам бо оби полезӣ таъмин бошад, саҳмдорону роҳбарони хоҷагӣ бояд муҳоҷирати меҳнатиро фаромӯш намоянд, дар замин аз сидқи дил меҳнат кунанд, то ҳосили баланд ба даст оварда, хонаводаҳои хешро бо маҳсулоти тару тоза таъмин созанд. Инчунин аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ метавонӣ зиндагиятро хуб гардонида, дар Ватан бо сари баланд зиндагӣ намоӣ».

Деҳқонон дар 15 садяк замини ин хоҷагӣ барои таъмини чорвои калони шохдори хонаи худашон, ки ҳамарӯза аҳли хонаро бо ширу маҳсулоти ширӣ таъмин менамоянд, юнучқа кишт намудаанд. Ба тавсияи деҳқонони ин хоҷагӣ, кишти юнучқа барои киштгардон намудани замини хоҷагӣ фоидаи калон дорад.

Тибқи иттилои раиси ҷамоати деҳоти Б. Бурунови шаҳри Ваҳдат Шоҳин Ашуров, дар ҷамоат   1372  гектар замини корам мавҷуд аст, ки 780 гектари он замини корами обӣ мебошад. Ҳамчунин дар ҳудуди ҷамоат 710 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории шаҳри Ваҳдат машғул мебошанд.

Сокинони ҷамоат имсол дар 286  гектар  сабзавот ва дар 569 гектар ғаладонагӣ, инчунин дигар маҳсулоти полезӣ кишт намудаанд.

Бояд гуфт,  ки заминҳои ҳудуди ҷамоат самаранок истифода мешаванд. Хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоат дурнамои кишти  зироати  кишоварзиро пурра иҷро намуда,  дар таъмини хонаводаҳояшон ва аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳм мегузоранд.

 Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 30, 2025 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд