Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Infomatrix — Asia сазовори ҷойҳои намоён гардиданд

Апрель 1, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Infomatrix — Asia 2025, ки аз 29 то 31 март дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид, сазовори 2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Олимпиадаи Infomatrix — Asia 2025 ҳаводорони фанновариҳои навинро аз рӯйи 9 категория: графикаи компютерӣ ва санъат, филми кӯтоҳ, идоракунии сахтафзор, лоиҳаҳои илмӣ-амалӣ, ҳакатони Arduino, мусобиқаи эстафетаи LEGO, барномасозии AI ва стартапи ҳакатони AI ба ҳам оварда, ғолибони олимпиада имконияти ба даст овардани имтиёзҳоро барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷаҳон пайдо менамоянд.

Ин дастовард нишон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик дар омӯзиши технологияҳои муосир ва рақобат дар арсаи байналмилалӣ иқтидори баланд доранд.

АКС: Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Апрель 1, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад