Имрӯз дар Душанбе Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳӣ баргузор мегардад

Апрель 13, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 13.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе имрӯз дар пойтахт мусобиқаи байналмилалӣ — Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳӣ «Eliminator Mountain» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон бо мақсади омода намудани варзишгарони муваффақ ва дарёфти чеҳраҳои нав барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи баланд, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишии иштирокдорон, муаррифии фарҳангу тамаддун, имконияти сайёҳӣ ва оммавияту солимгардонӣ доир карда мешавад.

Ҳадафи ин мусобиқа оммавигардонии ин навъи варзиш, ҷалби сайёҳон ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон ҳамчун созмондиҳандаи чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ мебошад.

Велосипед давоми ду аср дар мамлакатҳои ҷаҳон истифода бурда мешавад. Он яке аз  намудҳои нақлиёти сайёр ва боэътимод буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Ҳамзамон истифодаи он ба муҳити зист ва ҳифзи саломатии инсон мусоидат менамояд.

Дар замони муосир дучархаронӣ яке аз намудҳои варзишие маҳсуб мешавад, ки ба саломатии инсон хеле фоидабахш аст. Қисми зиёди аҳолии сайёра ин намуди варзишро хуб пазируфтаанд ва новобаста аз ҳамроҳ будан ба маҳфилҳои варзишии велосипедронӣ барои худ ин таҷҳизотро харида, ҳамарӯза барои беҳтар намудани саломатӣ онро истифода менамоянд.

Тибқи маълумоти мутахассисони соҳаи тиб, машғул шудан ба дучархаронӣ барои системаи узвҳои асаб ва бартараф кардани вазни зиёдатӣ хеле муфид аст.

Инчунин машғул шудан ба дучархаронӣ ба беҳтар шудани реҷаи хоб, фаъолияти узвҳои ҳозима ва иммунитет мусоидат намуда, беҳтарин усули лоғар шудан мебошад.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Апрель 13, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад