Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд

Апрель 19, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе  барномаи фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар чорабинӣ  озмунҳои шаҳрӣ дар  соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол», «Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Зимни ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Рӯзи пойтахт табрик гуфтанд.

Таъкид карда шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, макони писандидаи ҷаҳониён мегардад.

Солҳои охир бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот дар шаҳри Душанбе корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, дар 8 соли охир 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 96 700 ҷойи нишаст ва 25 муассисаи томактабӣ барои 4 ҳазору 800 тарбиятгиранда бунёд карда шуд.

Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 60 муассисаи томактабӣ барои беш аз 12 ҳазор тарбиятгиранда идома дорад.

Агар соли 1930 дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 13 кӯча вуҷуд дошта бошад, имрӯз дар он зиёда аз 300 кӯча, 20 маҳал, 104 маҳалла ва 4 ноҳия мавҷуд мебошад. Аз соли 2017 то ҳол дар Душанбе 2 миллиону 700 000 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, 145 муассисаи маориф, 21 муассисаи соҳаи тандурустӣ, 90 корхонаи саноатӣ, 300 майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 44 меҳмонхона, 101 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 29 маркази дилхушӣ, 26 бозор, 98 маркази савдо, 30 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 60 боғу гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 4 қасри фарҳанг, 7 театри касбӣ, 11 осорхона, 17 китобхона, 6 амфитеатр, 122 ширкати сайёҳӣ амал мекунанд, ки асоси инфрасохтори хизматрасонии пойтахтро ташкил медиҳанд.

Дар идомаи барномаи фарҳангӣ,  ҳаваскорони ҷавон ва устодони санъати тоҷик бо суруду таронаҳои ҷолиб ҳунарнамоӣ карда, фазои идонаи базмгоҳро пуршукуҳтар гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои гуногуни идона, аз ҷумла мусобиқаи варзишӣ — ниммарафони XV байналмилалии Душанбе баргузор гардида, дар он варзишгарон аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар хоҳишмандон иштирок  намуданд.

Ҳамчунин имрӯз бахшида ба ин ҷашн бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт базмҳои пуршукуҳи идона бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ — ромишгарону мутрибон ташкил гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 19, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид