Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии китоб таҷлил мегардад

Апрель 2, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ба муносибати Рӯзи байналмилалии китоби бачагона таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ..» Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз  гардида, то 9 апрел дар саросари мамлакат идома меёбад. Фестивали имсола  ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бахшида мешавад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода иброз намуд, дар Тоҷикистон ин фестивал ба ҳукми анъана даромада, дар ҷараёни  он  баргузории намоиши китобҳои тозанашр барои бачаҳо, вохӯрӣ бо адибон, барномаҳои консертӣ бо иштироки хонандагони мактабҳо ва маҳфилҳои адабӣ дар назар дошта шудааст.

Рӯзи байналмилалии китоби бачагона (2 апрел) ба  зодрӯзи нависандаи бузурги достонҳои кӯдакона Ҳанс Кристиан Андерсени даниягӣ иртибот дорад. Шурои Ассотсиатсияи байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон (International Board on Books for Young People, IBBY)  қарор кард, ки маҳз дар зодрӯзи ин нависандаи дӯстдоштаи бачаҳо  таҷлил намудани ин рӯз барояшон хотирмон хоҳад буд.  Бо қарори ин ташкилот  шуруъ аз соли 1967  ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳамасола Рӯзи байналмилалии китоби бачагонаро 2 апрел бо  баргузории  чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ  таҷлил  менамояд.

Дар  Тоҷикистон низ ба муносибати ин рӯз барномаҳои гуногуни фарҳангӣ доир  мегарданд, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз ин ҷумла аст.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, зиёда аз 15 сол мешавад, ки ин сана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҳадаф аз баргузории он ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Ба андешаи таҳлилгарон, адабиёти бачагона таърихи чандон куҳан надорад. То миёнаҳои асри XVII ба кӯдакон асосан ба таври шифоҳӣ қиссаву достонҳо нақл мекарданд ва ин тарзи гуфторро фарзандон ба насли баъдӣ интиқол медоданд. Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат нисбат ба  китобу китобхонӣ беҳтар гардид. Инчунин баргузории якчанд  барномаи фарҳангӣ ба ин раванд мусоидат намуд.

Аз ҷумла, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар барои тарғиби адабиёт, ҷалби наврасон ба китобу китобхона ва кашфи эҷодкорони ҷавону наврас ҳамасола Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор карда мешавад.

Ҳадафи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» он аст, ки аз байни кӯдакон ва наврасон падидаҳои нав ба адабиёт ворид шаванд. Инчунин ба воситаи ин гуна барномаҳо нависандагон ва шоирони шинохтаро ба онҳо шинос намуда, сафи дӯстдорони адабиёт зиёд гардонида шавад.

Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар мамлакат Амре буд саривақтӣ ва созанда. Зеро бори дигар исбот намуд, ки дар дили мардуми тоҷик меҳри китобу китобхонӣ ҳанӯз ҳам побарҷо аст.

Ногуфта намонад, ки сарчашмаи донишу маърифати кӯдак аз  оила сар мезанад. Зеро кӯдак дар кадом муҳите, ки ба воя расад, ба он тақлид мекунад. Барои ин, пеш аз ҳама, падару модарон ба тарбияи фарзанд бояд диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар баробари ба воя расонидани кӯдак ҳамзамон барои  баланд бардоштани сатҳи маърифати ӯ низ бояд кӯшиш ба харҷ дод. Аз овони кӯдакӣ то ба мактаб онҳоро бояд ба шунидану аз худ кардани афсонаҳо одат кунонанд. Кӯдакон афсонаву шеърҳоеро, ки ба онҳо заруранд, тез мутолиа ва қироат менамоянд. Инчунин дар баробари харидани туҳфаҳо дар зодрӯзу дигар ҷашнҳо ба фарзандонашон китоб тақдим намоянд.

Тавре ки аз дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, «моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем».

Барои иҷрои ин вазифаи басе пурмасъулият китобхонаҳои бачагона ва мактабии мамлакат ҳамчун марказҳои фароҳамоварӣ, нигоҳдошт, омӯзишу тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ ва донишҳои умумибашарӣ дорои имконияти нисбатан васеи тарбияи насли наврас буда, дар ин самт мавқеи калидиро ишғол менамоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 2, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«АНДАЛЕБ». Даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ идома дорад
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии коршиносони Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Бахшида ба 1045-солагии табиби машҳури ҷаҳон-Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли каду бехобиро рафъ ва кори дилро муътадил нигоҳ медорад
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 31 сол пур шуд
Дар гардиши дараи Алмосӣ муҷассамаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ гузошта мешавад
17 АВГУСТ-РӮЗИ ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. 70 фоизи интиқоли борҳо дар ҷумҳурӣ ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат назаррас аст
Дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик» намоиши ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Бохтар «Муассисаи давлатии маҷмааи таърихии Бибихонум» таъсис дода шуд
Густариши ҳамкории илмию таҳқиқотии Тоҷикистон ва Фландрия баррасӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигаҳдорию эҳтиром ва эътирофи он бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад