Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад

Апрель 30, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 30.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо то 32 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи  бебориш  пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9  дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво шабона 17+19 дараҷа гарм ва рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад.

 

 

Апрель 30, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

IRS ронандагонро даъват менамояд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Чӣ тавр зеҳни сунъӣ расмҳои кӯдаконро ба санъати рақамӣ табдил медиҳад?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст гардид
Пагоҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Форуми II иқтисодӣ баргузор мешавад
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ба ҷавонон таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва экосистема тавзеҳ дода мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
«Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад…». Ин озмун дар байни донишҷӯдухтарон ҷамъбаст гардид
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ паёмовари руҳи ҷовидони миллати тоҷик аст
Амалиёти муваффақонаи ҷарроҳии дили кӯдакон, ки боиси наҷоти онҳо дар шабакаи клиникаҳои туркии «Acıbadem» мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар ноҳияи Шаҳринав ду тонна пиллаи хушсифат истеҳсол карда шуд