Имсол дар Хатлон қариб 500 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлилҳо, имсол дар вилояти Хатлон ҳосили пиёзи барвақтӣ қариб 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, то оғози моҳи апрел дар 14 433 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ пиёз кишт шудааст, ки 83,6 фоиз нақшаро ташкил медиҳад. Аз он 12 281 гектар кишти пиёзи барвақтӣ мебошад. Имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 9690 гектар пиёзи барвақтӣ кишт карда шудааст, ки барои ҷамъоварӣ омода мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони вилоят солона қариб 3 миллион тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол менамоянд. Иқтидори истеҳсолӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳои муҳими давлатӣ зиёд мебошад. Хусусан, беш аз 60 фоизи маҳсулоти кишоварзиро дар ҷумҳурӣ кишоварзони вилоят истеҳсол намуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он содирот менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






