«IRS» бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ дар масири Душанбе – Чанок гузаргоҳи назоратӣ таъсис дод

Апрель 28, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «IRS» бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ, аз ҷумла зиёд будани бор аз меъёри муқарраргардида ва ҳаракати автомобилҳои боркаши марбут ба корхонаҳои саноатӣ дар минтақа фаъолиятдошта бе рақамҳои қайди давлатӣ дар масири Душанбе – Чанок гузаргоҳи назоратӣ таъсис дод. Ҳадаф аз таъсиси гузаргоҳи назоратӣ пешгирӣ ва бартараф намудани раванди номатлуби зикршуда мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти «IRS» хабар доданд.

Сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони ширкат бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани қоидаҳои ҳамлу нақли молу маҳсулот вайроншавии роҳи Душанбе –Чанок мунтазам буда, сол то сол тамоюли афзоиш касб намудааст. Дар ин масир садҳо километр роҳ осеби ҷиддӣ дида, филиали ширкат минтақаҳои осебдидаро таъмири куллӣ менамояд. Бинобар ин, «IRS» аз аввали фаъолият таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шуруъ карда буд. Дар муддати 15 сол зиёда аз 2,5 миллион метри мураббаи роҳи Душанбе – Чанок таъмиру навсозӣ гардида, бо ин мақсад қариб 400 ҳазор тонна асфалт сарф шуд.

Ҷиддитар намудани назорати нақлиёти гаронвазн аз километри 78 то 136 -уми роҳи Душанбе-Чанок тавассути таъсис додани гузаргоҳи назоратӣ усули навбатии таъсиррасонӣ мебошад. Ҳадафи ширкати «IRS» ба ин восита аз байн бурдани қонуншиканӣ (бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт) аст.

Ин иқдом ба иҷрои «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» марбут буда, риояи муқаррароти қоидаҳои гуфташуда аз ҷониби моликону истифодабардагони воситаҳои нақлиёт, новобаста аз шакли моликият ҳатмӣ мебошад.

Ҳадафи дигари ин иқдом, ҳамон тавре зикр шуд, пешгирии идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ, ки ба баланд бардоштани интизом дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мусоидат менамояд, маҳсуб мешавад.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои чунин қонуншиканӣ ҷазо — яъне таъйин намудани ҷарима ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати як сол муқаррар карда шудааст. Таҳлили масъала аз он дарак медиҳад, ки содиркунии чунин қоидавайронкуниҳо аз ҷониби баъзе ронандагон, хосса воситаҳои нақлиёти боркаши марбут ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои Варзобу Зарафшон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Амалия нишон медиҳад, ки ин қабил қоидавайронкуиҳо асосан бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи роҳ рух медиҳанд.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, ҳамасола то 20 000 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба қайд гирифта шудааст. Он чиз нигаронкунанда аст, ки мошинҳои гаронвазн бо бори зиёда аз 40 тонна вақтҳои охир роҳҳои бо заҳмату маблағи зиёд сохташударо вайрон карда, ба соҳа хисороти калон мерасонанд.

АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд