ИСТИФОДАИ САМАРАНОК ВА МАҚСАДНОКИ БАРҚ. Сарфаи неруи барқ кори ҳамагон аст

Апрель 16, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти он ки истифодаи энергияи барқ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт рӯз ба рӯз меафзояд, бояд ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани он аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори Хадамоти давлатии назорати энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғолиб Убайдуллозода.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки рушди босуръат ва истифодаи техникаю технологияҳои муосир моро водор месозад, ки дар тамоми зинаҳо, аз ҷумла истеҳсол, интиқол, тақсимот ва истифодаи барқ тадбирҳои иловагӣ андешем. Ин нуктаи назар дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, таъкид карда шуд. Вазорату идораҳои дахлдор ва шахсони масъул вазифадор карда шуданд, ки доир ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳа, аз ҷумла лоиҳаҳо дар самти паст кардани талафоти барқ тадбирҳои муассир андешанд.

Ёдовар мешавем, ки 15 апрел Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.

Лоиҳаи ин санад дар асоси супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 27 марти соли 2025 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд, аз ҷониби Вазорати адлия таҳия гардид.

Тавре масъулин иброз доштанд, «дар таҷриба шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд. Дар натиҷа онҳо ба иқтисодиёти мамлакат зарари ҷиддӣ мерасонанд».

Барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани тамғаҳои (пломбаҳои) муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда мешавад.

Барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ шудааст.

Тавре аз таҳлилҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бармеояд, барои раҳоӣ аз норасоии неруи барқ ду воситаи асосӣ пешниҳод мегардад.

Яке афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар зиёд намудани манбаъҳои истеҳсоли энергия ва кам кардани истифода ё сарфакоронаю самаранок истифода бурдани неруи барқ ва гармӣ мебошад.

«Пеш аз ҳама, мо бояд иқтидори истеҳсоли барқро афзун намоем. Мо хуб медонем, ки иқтидори истеҳсолӣ дар муҳлати кӯтоҳ ташкил карда намешавад. Барои ҳамин он иқтидореро, ки дар ихтиёр дорем, бояд самаранок истифода барем. Ин аз ҳамаи кормандон ва мутахассисоне, ки дар манбаъҳои истеҳсоли энергияи барқ, шабакаҳои интиқол ва тақсимот фаъолият мекунанд, инчунин аз истеъмолкунандагон вобастагӣ дорад»,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи Ғолиб Убайдуллозода, яке аз вазифаҳои асосии Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ, ки мақоми ваколатдори Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика мебошад, назорати истифодаи самараноки неруи барқ ва додани тавсияҳо оид ба кам кардани хароҷоти ғайриистеҳсолии қувваи барқ мебошад.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 марти соли 2025 баргузор шуд, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ин робита Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ самти фаъолиятро дар масъалаи истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ таҳким мебахшад. «Мо аллакай дар ин самт нақшаҳои мушаххас таҳия намуда, тадбирҳои фавриро тарҳрезӣ намудем. Барои оммафаҳм ва дастрас будани тадбирҳои андешида ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма, радиову телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ вусъат бахшидем. Таҳия ва нашри муроҷиатномаю буклетҳои ранга ва филмҳои тасвириро ба нақша гирифтаем, то ба воситаи онҳо корҳои оммафаҳмониро вусъат диҳем. Дар муҳлатҳои наздиктарин нашри буклет оид ба усули сарфаи энергия ба таври сода ба муштариёни маишӣ дар назар аст»,- мегӯяд Ғолиб Убайдуллозода.

Дуруст ба роҳ мондани назорат дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ба барномаи омӯзишии бозомӯзандагони Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ дар соҳаи энергетика»-и назди Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ ворид шудааст. Акнун ба ҳама бозомӯзон дар қисми назариявӣ дар бораи роҳу усулҳои сарфаҷӯёна ва самаранок истифода бурдани энергия маълумоти зарурӣ дода, дарсҳои амалӣ бо дастгоҳу асбоби дар ин самт мавҷуда гузаронида мешаванд.

Таҳлилҳо бозгӯи он мебошанд, ки сарфакорӣ мавзуи хеле фарох буда, дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва рӯзгори мардум аҳамияти хеле калон дорад. Роҳҳои сарфа намудани энергияи барқ гуногун мебошанд. Масалан, барои корхонаҳои истеҳсолӣ, бахши истиқоматӣ ва равшаннокию реклама дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои маданию фароғатӣ якчанд роҳу усул пешкаш карда мешавад. Кор карда баромадани меъёрҳои хоси истеъмоли барқи аз ҷиҳати илмӣ асоснок, татбиқи технологияҳои каммасрафи барқ ва маҳсулнок намудани истеҳсолот, истифодаи намудҳои алтернативии энергия, аз қабили бод, Офтоб, биогаз ва ғайра, ташкили дурусти истифода ва дар дараҷаи лоиҳавӣ нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои истеҳсолии реҷа ва таҷҳизоти энергетикӣ аз ҳамин қабил ҳастанд.

Як нуктаи дигар низ хеле муҳим аст, яъне сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ кори ҳамагон аст. Бояд аҳли ҷомеа дар самти истифодаи неруи барқ маърифати сарфакориро азхуд намояд ва ба исрофи беҳудаи ҳар кВт-соат неруи барқи барои ҳама зарурӣ роҳ надиҳанд. Сарфаи беҳуда, аз ҷумла сарфаи барқ низ нишонаи маданияти баланд нест. Дар замони худ Саъдии бузург фармуда буд:

Аблаҳе к-ӯ рӯзи равшан шамъи кофурӣ ниҳад,
Зуд бинӣ, к-аш ба шаб рӯған набошад дар чароғ.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 16, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПОЙТАХТ СИМОИ ДАВЛАТ АСТ. Барои вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг, маориф ва илм биноҳои муосиру замонавӣ сохта мешавад
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Киҳо хуқуқи дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карданро доранд?
Татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ асоси пешрафти босуръати иқтисоди миллӣ
«ИСТИҚЛОЛ». Ин маҷмааи меъморӣ рамзи соҳибистиқлолӣ ва озодии Тоҷикистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли тамашк дилро қавӣ гардонида, барои харобшавӣ кумак мерасонад
Гули лола ба инсон шодию лаззати эстетикӣ мебахшад
СИФАТИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳо оид ба дидгоҳ ва фаъолияти амалии Президенти Тоҷикистон доир ба ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ
МУТТАҲИДШАВӢ БАРОИ ШУКУФОИИ УМУМӢ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Хизматчиёни ин сохтори низомӣ дар таъмини суботу оромӣ саҳми назаррас доранд
10 АПРЕЛ-РӮЗИ РАДИОИ ТОҶИК. Радиои «Тоҷикистон» ҳамқадами замона фаъолият менамояд
Иқтисодчиёни Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат саҳми назаррас доранд
САЛОМАТӢ — НЕЪМАТИ БЕБАҲО! Шумо кай охирон маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаштаед?