ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Нурулло Саидбеков аз замини наздиҳавлигияш ду ҳосил мегирад
ДУШАНБЕ, 27.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Нурулло Саидбеков дар замини наздиҳавлигияш, ки 5 садякро ташкил медиҳад, дар айни замон ҳосили дуюмро парвариш менамояд.
Тавре Нурулло Саидбеков дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, моҳи феврал дар ин замини наздиҳавлигӣ шалғам кишт намудааст. Баъдан ҳосили онро дар аввали моҳи апрел пурра ҷамъоварӣ ва ба бозори истеъмолӣ ба фурӯш баровардааст.
«Манзили ман дар наздикии пойтахт ҷойгир аст ва талаботи сокинон ба маҳсулоти тару тоза бештар мебошад. Фоидабахшии ин навъи маҳсулотро ҳама медонанд. Аз ин рӯ ин навъи маҳсулот хеҷ вақт талаф намеёбад. Он дар бозори истеъмолӣ серхаридор мебошад. Инчунин навъи аввали онро низ сокинон бештар харидорӣ мекунанд. Агар шалғамро мо дар охири фасли баҳор парвариш намоем, таъму лаззат ва фоидабахшии шалғами дар фасли зимистон киштшударо надорад»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Нурулло Саидбеков дар замини наздиҳавлигияш маҳсулоти полезӣ, аз қабили помидор, бодиринг, булғорӣ, райҳон ва боимҷон кишт намудааст. Ӯ мегӯяд, ки бо ин маҳсулот хонаводаи худро пурра таъмин карда, аз ҳосили он захира низ менамоянд.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки «парвариш намудани маҳсулот дар замини наздиҳавлигӣ кори мушкил нест. Бояд аз кори замин наҳаросид. Ман ҳамроҳи оилам тақрибан ҳар рӯз як соати муайян онҳоро нигоҳубин мекунем. Дар вақти машғул шудан ба кори замин асаби инсон ором мешавад. Ман боварӣ дорам, ки ин амалро ҳамаи деҳқонони ботаҷриба тавсия медиҳанд».
Ҳамасола дар қитъаи замини наздиҳавлигии ин оилаи намунавӣ навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ кишт гардида, бо сари вақт анҷом додани корҳои агротехникӣ ва риояи тавсияҳои олимони соҳа аз он ҳосили хуб мегиранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд






